Филми кӯтоҳ
Why Did Jesus Have to Die?
3 minFHD
3 аз 23Клипи 3 аз 23Easter · 23 бобҳо
Why Did Jesus Have to Die?
God created humans to be spiritually and relationally connected with Him, but how can we keep God's commands? How can we live without shame? We can't restore ourselves to honor. It would seem we're doomed, except God doesn't want His creation to die. He is merciful and loving, and wants us to be restored, living with Him in full life.
СаволҳоСаволҳои марбут
Саволи худро диҳедҚитъаҳои Китоби Муқаддас
МубодилаIsaiah 53:5
But He was pierced for our transgressions, He was crushed for our iniquities; the punishment that brought us peace was upon Him, and by His stripes we are healed.
Berean Standard Bible
Public Domain
Бештар хонед...Нусхаи матн
Tajik (تاجيكي)
Гуноҳ моро аз ҳамдигар ва аз Худо дур мекунад.
Одамон худсарона гуноҳ мекунанд ва бояд барои кирдорҳояшон ҷазо гиранд,
пас барои чӣ, Худо намегузорад, ки одамон худашон инро ҳал кунанд?
Худо муҳаббатест, ки ҳаёт мебахшад ва
аз ин рӯ Ӯ одамонро офарид, то ки Ҳамроҳаш бошанд.
Аммо инсоният муқобили иродаи Худо равона шуд ва ба гуноҳ кардан шурӯъ кард.
Гуноҳ моро аз Худои ҳаётбахшанда ҷудо мекунад.
Он монанди вирус аз насл ба насл мегузашт ва
дар миёни одамон ҷудоиандозиро паҳн мекард.
Худо аз замонҳои қадим ба воситаи Пайғамбаронаш гап мезад ва
ба одамон аҳдҳоро медод, то ки аз онҳо пайравӣ кунанд, аммо онҳо аҳдҳоро риоя намекарданд.
Риоя накардани аҳдҳо - гуноҳ аст, музди гуноҳ - марг аст.
Азбаски Худо Муқаддас ва Одил аст ва ҳамеша мувофиқи фитрати Худ амал мекунад,
Ӯ бо адолат ба созиш намеравад ва бояд гуноҳро доварӣ карда ҷазо диҳад,
набалки ҳамту ба амалҳои бади одамон чашм пӯшонад.
Магар ин дар дасти мо нест, ки сазовори бахшоиши Худо шуда аз доварӣ раҳоӣ ёбем?
Не. Мушкилӣ дар он аст, ки одамон наметавонанд тамоми аҳдҳои Худоро иҷро кунанд ва аз гуноҳ даст кашанд.
На худи мо, на корҳои неки мо, моро сафед карда наметавонанд.
Ба назар мерасад, ки мо маҳкумшудаем.
Аммо Худо намехоҳад, ки офаридаи Ӯ талаф шавад.
Ӯ Раҳим ва Меҳрубон аст ва мехоҳад моро бахшад, то ки мо ҳаёти пурарзиш дошта бошем.
Дар тӯли асрҳо, аз пайғамбар Иброҳим сар карда,Худо нақшаи наҷоти Худро ошкор мекард ва
ваъда медод, ки Фидиягузорро равон мекунад,
Ҳамонеро, ки метавонад барои гуноҳҳои одамизод ҷон нисор кунад.
Ин Фидягузор - Исо аст.
Ӯ аз ҷойгоҳи Ҷалоли Худ ба замин фаромада, одам шуд
ва ҳаёти бегуноҳро аз сар гузаронид, ки одамон натавонистанд ин тавр зиндагӣ кунанд.
Исои Масеҳ гуноҳҳои моро ба Худ гирифт ва тавассути марги Худ барои мо фидия шуд.
Марг Ӯро боздошта натавонист ва
Исо аз мурдагон эҳё шуда, марг ва гуноҳро ғалаба кард.
Ин ба мо имконият медиҳад, ки муносибатамонро бо Худо барқарор кунем.
Худо моро дӯст медорад ва аз барои он, ки одамон қобилияти фидия кардани худро надоранд,
Исо омад, то ки моро аз гуноҳ ва марг фидия кунад ва мо бо Худо зиндагӣ карда тавонем.
Барои он, ки мо аз муносибатҳои барқароршуда бо Худо ҳаловат барем,
мо бояд он қурбониеро, ки Исо барои мо кард, қабул кунем.