Филми кӯтоҳ
God's Rescue Plan
3 minFHD
Good News·2 аз 4Клипи 2 аз 4
God's Rescue Plan
Have you ever felt like the world was broken, and that we are broken along with it? Often, our attempts to fix the world and ourselves only lead to more problems. But there is Good News: God, in His love, has made a way for us to be restored to honor.
СаволҳоСаволҳои марбут
Саволи худро диҳедҚитъаҳои Китоби Муқаддас
МубодилаRomans 6:23
For the wages of sin is death, but the gift of God is eternal life in Christ Jesus our Lord.
Berean Standard Bible
Public Domain
Бештар хонед...1 John 5:11
And this is that testimony: God has given us eternal life, and this life is in His Son.
Berean Standard Bible
Public Domain
Бештар хонед...1 John 5:13
I have written these things to you who believe in the name of the Son of God, so that you may know that you have eternal life.
Berean Standard Bible
Public Domain
Бештар хонед...Нусхаи матн
Tajik (تاجيكي)
Ба назарат чунин наменамояд, ки гӯё ҷаҳон шикаст хӯрдааст?
Ҳиссиёте пайдо намешавад, ки чизе дар ҷаҳон нодуруст аст?
Ҷаҳони Худо офарида, мебояд пур аз некӣ мебуд,
аммо одамон беитоатӣ карда, роҳеро интихоб карданд, ки онҳоро аз Худо дур месохт.
Бинобар ин ҷаҳон ва мо шикаст хӯрдем.
Библия беитоатии моро гуноҳ меномад.
Гуноҳ аз дили мо мебарояд, бо амалҳои мо аён мешавад.
Беитоатии мо ба Худо, маргро ба замин овард. Марг - ҷудо шудан аз сарчашмаи ҳаёт аст
ва мо ин ҷудогиро дар вақти ҳиссиёти айб ва шарм доштанамон, эҳсос мекунем.
Азбаски мо аз Худо ҷудо шудем, мо бо қуввати худ наметавонем, то
ки аз гуноҳ раҳо шуда ҳаёти худро барқарор кунем.
Агар ҳама чиз бо ҳамин ба анҷом мерасид, он гоҳ таърихи одамизод фоҷиавӣ мешуд - аммо Худо роҳеро фароҳам овард.
Ӯ аз ибтидо нақшаи наҷотро дошт!
Худо нақшаи Худро ба наслҳои гузаштаи мо ошкор кард.
Дар Библия гуфта шудааст, ки Иброҳим ба Худо имон овард ва ин барои ӯ адолат ҳисоб карда шуд.
Омода будани Иброҳим барои ба қурбонӣ овардани писари худ Исҳоқ, исботи итоаткории ӯ ба Худо буд.
Дар лаҳзае, ки Иброҳим кордро гирифта Исҳоқро куштанӣ шуд, Худо ба Иброҳим барраеро дод, то ки вайро ба ҷои ӯ қурбонӣ кунад.
Аз рӯи адолати Худо, мо барои гуноҳҳоямон сазовори марг ва ҷудо будан аз Ӯро дорем.
Вале азбаски Худо моро дӯст медорад, Ӯ мехоҳад, ки мо ҳаёти ҷовидонӣ дошта бошем.
Чӣ тавре, ки барои қурбонии Иброҳим, Худо Исҳоқро бо баррае иваз кард,
ҳамин тавр, Худо Исоро ба замин фиристод, то ки Ӯ барои мо қурбонӣ шавад.
Қурбонии Исо гуноҳҳои моро пӯшонид, моро аз марг озод кард
ва одил гардонид.
Исо дар асл Худо буд, ба инсон табдил ёфт, то ки ба ҷаҳони мо биёяд.
Ӯ бемориҳои моро ба сар мебурд ва маргеро, ки
мо сазовор будем, ба ҷои мо Ӯ мурд.
Ӯ маргро ғолиб омада, рӯзи сеюм аз мурдагон эҳё шуд.
Ин аст Хушхабарии Библия.
Ба воситаи имон ба Исо, Худо ба мо ҳаёти ҷовидонӣ мебахшад.
Вақте ки мо Исоро қабул мекунем,
Ӯ шармандагии моро ба шараф, айби моро ба порсоӣ, иваз мекунад.
Библия мегӯяд: "Зеро ки музди гуноҳ мамот аст,
аммо бахшоиши файзи Худо ҳаёти ҷовидонист ба воситаи Худованди мо Исои Масеҳ."
Ин бахшоиш аз они ту танҳо он гоҳе мешавад, вақте ки ту онро қабул мекунӣ
ва ба воситаи дуо онро худи ҳозир метавонӣ иҷро кунӣ: