3 аз 8Do You Ever Wonder...? · 8 бобҳо

Can the Bible Be Trusted?

Have you ever wondered why followers of Jesus believe the Bible is the same today as when it was originally written? Archaeological evidence validates that today’s Bible consists of the same Scriptures originally written thousands of years ago.

Саволи худро диҳед

Қитъаҳои Китоби Муқаддас

Мубодила
2 Timothy 3:16

All Scripture is God-breathed and is useful for instruction, for conviction, for correction, and for training in righteousness,

Berean Standard Bible

Public Domain

Бештар хонед...
Манбаъҳои ройгон

Мехоҳед Китоби Муқаддасро амиқтар фаҳмед?

Ба омӯзиши Китоби Муқаддас ҳамроҳ шавед

Нусхаи матн

Tajik (تاجيكي)
Боре андеша кардаед, ки барои чӣ пайравони Исо фикр мекунанд, ки матни Библияи муосир, ба матни аслӣ мувофиқ аст? Библия аз ҷониби Худо дода шудааст ва дар муддати 1500 сол навишта шуда буд. Ин маҷмӯаи китобҳоест, ки дар бораи Худо ва меъёрҳои ахлоқии Ӯст. Библия аз Панҷкитоби Мӯсо, китоби Забур, Инҷил ва номаҳои пайравони Исо иборат аст. Вай таърихи моро, ҳамчун қисми офариниши Худо, ба мо нақл мекунад. Аз сабаби шумораи зиёди тарҷумаҳо, баъзеҳо фикр мекунанд, ки Библия дигаргун шудааст. Библия бо се забон навишта шуда буд, аммо баъдан бо дигар забонҳо тарҷума шуд, то ки ҳар касе имконияти хондани Каломи Худоро бо забони модариаш дошта бошад. Ҳар як нусхаи Библия, тарҷумаи матни аслӣ мебошад ва ҳамеша онҳоро муқоиса кардан мумкин аст. Аксарияти дастхатҳои қадимаи ёфтгардида, эътимоднокии тарҷумаҳои муосирро тасдиқ мекунанд. Дар асри 20, дар назди баҳри Мурда, 981 дастнависҳои Библия ёфт шудаанд, ки дар байни асри 3 - юми пеш аз милод ва асри 1 - ми милоди мо навишта шуда буданд. Яке аз онҳо, дастнависи пайғамбари Ишаъё мебошад, ки аз 66 бобҳо иборат аст ва дар худ пешгӯиҳоро дар бораи ҳаёт ва марги Исои Масеҳ дар бар мегирад. Ҳамин тавр, матни дастнависи ёфташуда, ба матни китоби пайғамбари Ишаъё дар Библияи муосир, комилан мувофиқ аст. Он қисми Библия, ки оиди ҳаёти заминии Исо ба мо нақл мекунад, аз ҷониби шогирдонаш, ки ҳамзамонони Ӯ буданд, навишта шуда буд. Онҳо дастнависҳоро ба шаҳрҳои гуногун равон мекарданд ва шогирдони Исо аз он маҳалла дастнависҳоро рӯйнавис карда ба дигар пайравони Исо онро ирсол мекарданд. Бостоншиносони замони мо зиёда аз 25000 нусхаҳои дастнависи қадимаро кашф кардаанд, ки дар он оиди Исо навишта шудааст. Ҳамаи дастнависҳо мувофиқ ва мутобиқи матни Библияи муосир мебошанд. Дар китобхонаи Британия, Библияи пуррае бо забони юнонӣ ҳаст, ки Кодекси Синай номгузорӣ шудааст. Ин китоб дар соли 350 -ми милоди мо, санадор шуд ва матнаш айнан ба Библияи муосир мувофиқ аст. Дар муқоиса бо ҳар кадоми дастнависҳои қадима, аз ҳама зиёд дастнависҳои ёфташудаи Библия мебошад. Библияи муосир аз ҳамон навиштоҷоти Муқаддас, ки ду ҳазор сол пеш навишта шуда буд, иборат аст.
JesusFilm