Дар ибтидо, Худованд осмон ва заминро офарид.
Ва бо ин Ӯ ҳикмати комил, қудрат ва тавонии Худро зоҳир кард.
Худованд мард ва занро ба сурати Худ офарид.
Ӯ ба онҳо файзу баракат дод, то мақсади ҳаёти худро дар шинохти Офаридгор бинанд.
Ва ҳамчун ворисони Ӯ дар рӯйи замин ҳукмронӣ кунанд.
То муносибати комил байни одамизод ва Худо ҳамеша бошад.
Вале онҳо бар зидди Офаридгор баромаданд.
Онҳо ба ин бовар доштанд, ки мисли Худо мешаванд
ва худ манбаи бузургиву ҷалол мегарданд.
Онҳо гуноҳ карданд. Гуноҳ онҳоро доғдор кард,
Ва муносибат байни одамизод ва Офаридгор вайрон шуд.
Ҷудоиро бо Худо ҳамаи насли одам мерос гирифт.
Мо ин холигии даруниро ҳис карда дар ёфтани пуррагӣ ҳастем.
Дар Бобил онҳо бурҷе сохтанд, то ба мартабаи Худо расанд.
Мо мисли онҳо кӯшиш мекунем, сарчашмае созем,
ки соҳиби қадру манзалат бошем. Ва мақсади ҳаёти худро созем.
Вале кӯшиши инсон кофӣ нест ва оқибаташ ба нокомӣ меанҷомад.
Гуноҳ инсонро азоб медиҳад,
Гуноҳ дар байни аҳлу оила ҷудоӣ меандозад ва моро аз Худо дур мекунад.
Аммо Худованд бисёр бораҳму шафқат аст ва ба мо муҳаббат дорад,
Ӯ барои наҷоти инсон нақша дошт.
Ӯ Исоро фиристод, Масеҳи ваъдашударо,
то инсонҳоро дубора ба Парвардигор пайваст кунад.
Исо мӯъҷизаҳо мекард,
Ӯ мисли устод таълим медод ва бо гунаҳгорон дар сари як дастурхон хӯрок мехӯрд.
Ӯ дар бораи зиёфати бузург дар сари мизи Худованд мегуфт.
ки ҳар як кас дар дар он ҷой метавонад меҳмони азизу гиромӣ гардад.
Беморон ва бекасон назди Ӯ меомаданд,
Ва ба ҷойи он ки Исоро нопок созанд,
баръакс онҳо аз дасти Ӯ шифо ёфта обрӯю иззаташон бармегашт.
Аммо одамон боз бар зидди Худо баромаданд.
Исои Масеҳ иҷозат дод, ки ин воқеаҳо рӯй диҳанд.
Ӯ ҳама масхараву таҳқирҳое, ки одамон ба сарашон оварданд
бардошт ва сабру тоқат кард.
Дар охирини лаҳзаи пеш аз маргаш,
Исо бо қудрати Илоҳӣ тамоми гуноҳҳо ва шармандагиҳои моро бо Худ гирифт...
Ӯ ғазаби Худо ва он ҷудоие, ки байни инсон ва Худо буд гирифт.
Зеро бе Исо, ки Худро дод,
одамизод ҳаргиз наметавонист, ки бо воситаи амали некаш ё шариати динаш дуюмбора
муносибаташро бо Худо барқарор кунад.
Сипас, Худо Исоро аз марг зинда кард!
Ӯ пурра бар гуноҳи одамон ва шармандагӣ ғолиб шуд.
Ӯ бо ин нишон дод, ки ҷалоли ҳақиқӣ аз Худост.
Ва ҳеҷ чиз дар рӯйи замин наметавонад онро аз байн барад.
Ӯ ба осмон баргашт ва моро даъват мекунад, ки боз бо Офаридгор муносибат дошта бошем.
То ин ки қадр ва мақсади зиндагиро аз сарчашмаи ҳақиқӣ дарёбем.
Оё шумо даъвати Ӯро қабул мекунед?
Агар шумо мехоҳед муносибати худро бо Худо пайдо кунед,
Шумо метавонед бо дуо кардан имони худро нишон диҳед.