Do You Ever Wonder...?·7 аз 8

Did Jesus Come Back From the Dead?

Jesus told people that he would die and then come back to life. This short film explains the details surrounding Jesus' death and resurrection.

Саволи худро диҳед

Қитъаҳои Китоби Муқаддас

Мубодила
John 11:25

Jesus said to her, “I am the resurrection and the life. Whoever believes in Me will live, even though he dies.

Berean Standard Bible

Public Domain

Бештар хонед...
Манбаъҳои ройгон

Мехоҳед Китоби Муқаддасро амиқтар фаҳмед?

Ба омӯзиши Китоби Муқаддас ҳамроҳ шавед

Нусхаи матн

Tajik (تاجيكي)
Ягон бор аз худ пурсидаед, ки: Исои Масеҳ Дар ҳақиқат мурд ва аз марг зинда шуд? Аз куҷо инро аниқ карда метавонем? Исо муддати се сол таълим дод... Вақте ки ба наздиктарин пайравонаш Огоҳӣ дод, ки Ӯ мемирад, Ва ваъда дод, ки Ӯ ба марг ғолиб меояд ва боз зинда мешавад, Лекин онҳо ба сухани Ӯ сарфаҳм нарафтанд. Яке аз пайравони Ӯ, ки номаш Яҳудо буд Ба Ӯ хиёат кард. Баъд аз он пешвоёни динӣ Исоро ба гуноҳҳои сохтаю бофтаи худашон мутаҳҳам карданд. Мардум ба ин дурӯғҳо бовар карданд Ва марги Ӯро талаб карданд. Пайравонаш гурехтанд ва Ҳатто дурӯғ гуфтанд, ки Ӯро намешиносанд. Яҳудо, ки ғарқи гуноҳ шуда буд, худро кушт. Вале ин нақшаи Худо буд. Ҳар он чизе, ки рӯй дод Пайғамбарони гузашта пешгӯйӣ карданд. Исоро дар паҳлӯи ду ҷинояткор ба қатл расонданд, Ба ҳамон тарзе, ки дар он замон маъмул буд. Бо овехтан дар рӯйи салиб. Сарбозони Румӣ аз мурдани Ӯ мутмаин буданд. Сипас ҷасади Ӯро ба қабр гузоштанд Ва сарбозони Румӣ ӯро назорат мекарданд. Дар рӯзи сеюм Ҳамон заноне, ки пайравони Исо буданд Ба сари қабр рафтанд, то ҷасади Ӯро аз рғйи расму оинашон барои дафн кардан тайёр кунанд. Фариштагон сангро аз қабр ғелониданд Ва посбонон сахт тарсиданд. Вақте занон ба он ҷо расиданд Онҳо қабрро холӣ диданд Ва фаришта ба онҳо гуфт: Чаро зиндаро байни мурдагон меҷӯед? Ӯ дар ин ҷо нест; Ӯ зинда шуд! Онҳо давиданд, то ин хабарро ба шогирдон расонанд, Лекин шогирдон ба гапҳои онҳо бовар накарданд. То он даме, ки худи Исо дар байни онҳо истод ва гуфт: Сулҳу оромӣ бо шумо бод! Ӯ бо онҳо дар муддати чиҳил рӯз Чандин маротиба вохӯрд. Ӯ пеш аз ба осмон рафтанаш Исо ба панҷсад нафар одамон зоҳир шуд. Ҳамон пайравони наздики Ӯ Ки аз тарс гурехта буданд, Акнун фаҳмиданд ва бовар карданд. Онҳо онро, ки диданд ба дигарон гуфтанд. Ва барои таълимоташон кушта шуданд. Вале хабари хуши марги Исо ва эҳёшавии Ӯ дар тамоми ҷаҳон паҳн шуд. Бо шарофати шоҳидӣ додани ин шогирдон, Мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки марг Ва дубора зиндашавии Ӯ ҳақиқат аст! Исо ҷон дод, то нархи гуноҳҳои моро диҳад... Аммо Исо аз болои марг қудрат дорад Ва дубора зинда шуд! Ӯ ҳозир ҳам дар осмон зинда аст! Ва рӯзе барои ҳукм кардани Зиндаҳо ва мурдаҳо бармегардад! Шумо ба марг ва дубора зиндашавии Исо чӣ посух дода метавонед?
JesusFilm